эй давои даруни хастаи дилон

Марҳами синаи шикастаи дилон

Марҳамӣ лутф кун , ки хастаи дилам

Марҳамат кун ки [ бас ] шикастаи дилам

Гарчи ман сар ба сар гунаҳ кардам

Номаи хешро сияҳ кардам

Ту дарин номаи сиёҳи мубин

Карами хеши байни гуноҳи мубин

Ман худ аз кардаҳои худ хаҷалам

Ту макун рӯзи ҳашари мунфаилам

Бо вуҷӯди гуноҳи корӣ ҳо

Аз ту дорам умедворӣ ҳо

Зонка бар туаст эътимоди ҳама

эй муроди ману муроди ҳама

Ту карӣмӣ ва бе навой туам

Подшоҳӣ ва ман гадои туам

Неи гадоӣ ки ин ва он хоҳам

Коми дил , орзӯӣ ҷон хоҳам

Балки бошад гадоӣам дардӣ

Ашки сурхӣу чеҳраи зардӣ

То ба роҳати зи аҳл дард шавам

Брнхизм агарчӣ гирд шавам

Чун ба хоки аўФтм ба сад хорӣ

Ту зи хокам ба лутф бурдорӣ

Гарчи дар хӯрд оташам чун шарар

Назаригар ба ман расад чаҳ зарар ?

Ман нагӯям ки лутф ва эҳсон кун

Бандаам ҳарчӣ шоядат он кун

Оқибати бугсалад чу банд аз банд

Банди банди маро ба худ пайванд