Рӯзи дигар ки вақт майдон шуд
Бози шаҳро ҳавоӣ ҷавлон шуд
Омад ва кард ҳам аноне ӯ
Шуд мушарраф ба ҳам забонӣ ӯ
Гуфт шоҳо расед фасли баҳор
Муътадил шуд барои лайл ва наҳор
Ҳама рӯй замин гулистон шуд
Мавсими боғу вақт бустон шуд
Сабза аз барф шуд аёни имрӯз
Олам пер шуд ҷавони имрӯз
Абри Нитсаон ба кӯҳсор омад
Бози обӣ ба рӯй кор омад
Ҳеҷ доне ки сайл чун шудааст ?
Аз сари кӯҳи сарнигӯн шуда аст
Сабза бар ҳар тарафи Фгндаҳи бисот
Бар замин по намерасад зи нишот
Аз гуҳарҳои шабнаму жола
Шуд мурассаъи пиёлаи лола
Жолау лола аз сиёҳии доғ
Ошён карда зоғу байзаи зоғ
Оҳӯии масти лолаҳо хӯрда
Ҳамчуи мисатони пиёлаҳо хӯрда
Вақт он шуд ки мо шикор кунем
Азми саҳроу лола зор кунем
Ҷоми гули ранги лоларо байнем
Чашми масти ғизоларо байнем
Лоларо соғар шароб кунем
Оҳӯии мастро кабоб кунем
Шуд муқарар ки чун шавад наврӯз
Шоҳи фаррух ба толеъии фирӯз
Азми гулгашт навбаҳор кунад
Гуҳ хӯрд бодаи гуҳ шикор кунад
Боз чун шоҳи азм майдон кард
Олимиро ҳалок аз ҷавлон кард
Меҳри чандон ки бар сипеҳр намӯд
Ба ҳаводори хеш меҳр намӯд
Чун бирафт офтоби ъолмгрд
Шоҳи ҳам майл бозгаштан кард
Гуфт бо ин гадо чаҳ кор кунам ?
Ки хабардораш аз шикор кунам
Ҳмрҳш ҳар ки буд ғофили сохт
Ҷониб ӯ тгоўрии андохт
Чун гадо дид ҷониби тираш
Гашти огаҳи зи ҳасани тадбираш
Гуфт донистам ин шикорӣ кист
Маънии ин хаданг корӣ чист
Бошад ин тир аз барои шикор
Боз шуд шоҳро ҳавои шикор
Сӯзи ишқӣ ки дошт афзӯн шуд
Сар ба саҳрои ниҳод ва маҷнӯн шуд
Аз паии он ғизоли шери шикор
Рафт ва бо оҳӯон гирифт қарор