Буд кӯҳӣу булъаҷаби кӯҳӣ
Кӯҳи дардӣу кони андӯҳӣ
Теғ бар фарқи моҳ ва меҳр зада
Санг бар шиша сипеҳр зада
Дили сахташ ба ошиқон дар ҷанг
Аз паии ҷанги доманаши пари санг
Теғ ӯ бас ки халқро кушта
Шуда аз куштаи гирд ӯ пушта
Дар баҳорон ки сайли гулгун буд
Сайл ӯ оби чашми пурхӯн буд
Гашти дарвеш бо ғаму андӯҳ
Ба сад андӯҳи сокини он кӯҳ
Ҳар гуҳ аз ҳиҷри ёри нолейдӣ
Кӯҳ аз ин нолаи зори нолейдӣ
Нолаи брхўостии з ҳар сангӣ
Рафтӣ он нола то ба фарсангӣ
Гиря чун кардӣ аз сари андӯҳ
Диҷлаи хӯн равон шудӣ аз кӯҳ
Каллаи кӯҳи чашма сор шудӣ
Домани дашти лола зор шудӣ
Бас ки бо оҳӯон қарор гирифт
Инс бо ваҳш кӯҳсор гирифт
Оҳӯони ром ӯ шуданд ҳама
ӯ шубони гашт ва он гуруҳи рама