Чун зи баҳри нишоти наврӯзӣ
Шуд чамани пари бисоти фирӯзӣ
Ғунчау гул ба айш кӯшиданд
Ҷомаи сурх ва сабз пӯшеданд
Даҳани танги ғунча хандон шуд
Жола дар вай фитод ва дандон шуд
Наргистар ба рӯй лола фитод
Чашми махмур бар пиёла фитод
Ғунча аз рӯй гули ниқоби андохт
Булбулонро дар изтироби андохт
Лола аз кӯҳ ошкоро шуд
Лаъл аз санги хора пайдо шуд
Барги сӯсан ки сабз ранг намӯд
Ханҷарӣ дар миён занг намӯд
Лолаи оташ чу дар танур афрӯхт
Қурсҳо дар таҳ танур бсухт
Фохтаи болу пари з ҳам бикшод
Шона шуд баҳри турраи шамшод
Аз май шавқ маст шуд булбул
Чашми худ сурх кард бар рухи гул
Сабза аз бас ки ришта бо ҳам бофт
Чун стрлоби сабз бар ҳам тофт
Дар чунин вақту соъатии фаррух
Он сеӣ сарви қомати гули рух
Чун ба азми шикор берун рафт
Лашкар бешумор берун рафт
Буд наздики шаҳри саҳройӣ
Даври даврӣ , кушодаи паҳное
Хок ӯ сар ба сари абиромез
Бод ӯ дам ба дами нишоти ангез
Сунбулу сӯсанаши ҳам хуши ранг
Лолааш оби дору оташи ранг
Сӯрати ваҳшу тайр ӯ зебо
Ҳамаи дилкаш чу нақш бар дебо
Сабзи мурғон ӯ зи сабзии пар
Мурғи зории тамоми сабза тар
Сабзааш хати анбарин мӯён
Лолааш оризи нкўрўён
Шоҳ чун хайма зад дар он саҳро
Гуфт каз ҳар тараф кунанд Нидо
Ваҳшёнро тамом гирд кунанд
Кори аҳли шикор вирд кунанд
Халқ бар гирди сайди сафи бастанд
Рахнаҳоро з ҳар тарафи бастанд
Чобукони теғро илм карданд
Сайдро дасту по қалам карданд
Сару шох гавазн бишикастанд
Гардани каргадани фурӯи бастанд
Шуд нишони хаданги доғи паланг
Доғҳоро фатилаи гашти хаданг
Аз барои гурехтани нахҷӣр
Пар баровард , лек аз пари тир
Шер ҳар дами зи хашму кӣнаи хеш
Панҷа мезад вале ба синаи риш
Гӯр аз бас ки дид фитнау шӯр
Даҳанаш боз монад чун лаби гӯр
Оҳӯ аз гиряи чашми пар нам дошт
Бар сари гӯри мурда мотам дошт
Хоби харгӯш аз сар ӯ ҷуст
Чашми худро дигар ба хоб набаст
Рӯбаҳ аз ҳавли ҷон дар он ошӯб
Сохт дам дар раҳи сегон ҷоруб
Дар ҳавоӣ ҳар парандае ки парид
Туркӣ аз новакаш ба сих кашид
Ҳар Ғаззолӣ ки аз замин бурҷаст
Чобукӣ дар каманди поиши баст