Буд чун баҳру кони зи маънии пар

Ин яке лаъл дорад ва он яке дар

Ҳар дуро хотам ва нигин карданд

Нақши он хотами ин чунин карданд

Ки чу он шохи маснади тамкин

Нақш сиҳҳат гирифт зери нигин

Ҳамчу дар ягона якто шуд

Ҷилваи гоҳаши канор дарё шуд

Бас ки табъаш ба сайд шуд моил

Рӯзу шаб ҷо гирифт бар соҳил

То дар он сайд ки мақомаш буд

Мурғу моҳии асири домаш буд

Бар лаби он мҳсти шӯрангез

Лаҷаи мавҷи хези гўҳрриз

Буд кӯҳӣ ки гуфта шуд зини пеш

Ки бидон инс дошт он дарвеш

Бас ки коҳидаҳ буд аз андӯҳ

Буд монанди коҳ дар пас кӯҳ

Кӯҳи дарвешро ватан шуда буд

Бесутуни ҷои кӯҳкан шуда буд

Ҳргаҳ аз шавқ беқарор шудӣ

Бар баландӣ кӯҳсор шудӣ

Баҳри шоҳ аз мижаи гуҳари сифтӣ

Қасраш аз давр дидӣ ва гуфтӣ

Чун надорам ба кӯй ӯ гузарӣ

Дорам аз даври сӯй ӯ назарӣ

Гар расӣдан ба каъба натавонам

Борӣ , аз қиблаи рӯи нгрдонм

Бо сабои ҳам нафас шудӣ ба ҳавас

Гуфтӣ эй ҳам дами хуҷастаи нафас

Чун диҳии ҷилваи сарви нози маро

Арзи даҳ пеш ӯ ниёзи маро

Саҷда кун хоки остонаш ро

Бӯсаи зани поси посбонаш ро

Саг ӯро салом ман бирасон

Пайк ӯро паём ман бирасон

Тавоф кун гирди он дарбор , биё

Гардӣ аз кӯй ӯ биор , биё

То ман аз оби дидаи гули созам

Марҳами захмҳои дили созам

Чун раседӣ аз он тарафи бодӣ

Кардӣ аз рӯй шавқи фарёдӣ

Ки ту имрӯзи буи ӯ дорӣ

Гардӣ аз хоки кӯй ӯ дорӣ

Ба сари резами хоки кӯяш ро

Ба димоғам фирист бӯяш ро

Рӯзӣ аз шавқи зор зор гирист

Чашм бикшод ва ҳар тараф нагирист

Чун нигаҳ кард ҷониби дарё

Дид ҳар гӯшаи хаймае барпо

Зери хаймаи сутун ба сад зевар

Ҳамчуи қади арӯс дар чодар

Буд дар ҷамъи хаймаи харгоҳӣ

Дар миёни ситораҳо моҳӣ

Сари харгаҳ бар осмон май суд

Атласи чархи пӯшиш ӯ буд

Соябонӣ кашида бар харгоҳ

Шоҳ бинишаста андари он чун моҳ

Чун гадо дид харгаҳи шоҳӣ

Кард оҳанги моҳи харгоҳӣ

Гуфт донистам ин чаҳ харгоҳи сет

Харгаҳи шоҳи манзили моҳи сет

Нест харгаҳ ки моҳ бадараст ин

Офтоби блндқдрсти ин

Аз сари кӯҳи майл дарё кард

Ҳамчуи хас бар каронае ҷо кард

Ҳамчуи неи давр азон лаб чу шукр

Дар Нитсаатон ба нолаи басти камар

Мурғи ҳушаши зи шавқ дар парвоз

Чашм бар роҳу гӯш бар овоз