Хушнивисӣ ки ин рақам зада буд

Бар варақи ин чунин қалам зада буд

Ки фиристод хусрави одил

Номае сӯии шоҳи дарёдил

Номае дар ниҳояти хӯбӣ

Хати он номаи ояти хӯбӣ

Нави хаттӣ дар камоли ҳасану ҷамол

Зеб рухсора карда аз хату хол

Нақши унвону хати мазмунаш

Файзи бахш аз даруну берунаш

ё музайян ба машк ҳар варақӣ

ё пар аз риштаи гуҳари тибқӣ

Хати он нома буд хати наҷот

Чун шаби қадар дар миёни барот

Ҳосили номаи он ки ҳазрати шоҳ

Ғайрати офтобу хиҷлати моҳ

Шаҳриёри диёри моҳ ваашон

Моҳи мсндншини шоҳи нишон

Миваи боғи зиндагонии ман

Нақди ганҷинаи ҷавонии ман

Он ки майли дилам ба ҷониб ӯст

Ваон ки ҷонам ҳамеша толиб ӯст

Бояд ин номаро чу бархонад

Рахши давлат ба ин тараф ронад

Ки дигар қӯт фироқ намонад

Тоқати дард иштиёқ намонад

Умри даҳ рӯзаи ғайр бодӣ нест

Ҳеҷ бар умр эътимодӣ нест

Хосса бар умри ҳамчуи ман перӣ

Ки шуд аз даст ва нест тадбирӣ

Зуд бошад казин чаман биравам

Ту биёи пеш аз он ки ман биравам

То ту рафтӣ зи дида нур бирафт

То ту ғоиб шудӣ ҳузур бирафт

Раҳм кун бар дили рамидаи ман

Мардумӣ кун биё ба дидаи ман

Рӯзи умрам ба шаб расед биё

Ҷонам аз ғам ба сар расед биё