Ин буд иқтизои лайл ва наҳор
Ки расад уфти хазону баҳор
Шохи сабзӣ ки рафта бар афлок
Чеҳраи зарди худ наад бар хок
Боз чун вақти барг рез омад
Лашкари сабза дар гурез омад
Мурғ , бе гули з нағма шуд хомӯш
Бо ки гуяд сухан чу набӯд гӯш
Булбул аз бӯстон шуд овора
Гули сад барг шуд ба сад пора
Пушти тоқати бунафшаро хам шуд
Баҳри худ дар либос мотам шуд
Қамарӣ аз нола ва хурӯш бимонад
Сӯсани даҳ забон хамӯш бимонад
Гул шуд ва хорҳо ба гулшан бимонад
Атлас аз даст рафт ва сӯзан монад
Ранги норанҷ заъфаронӣ шуд
Ашки унноб арғавонӣ шуд
Рӯй маро гирифт пардаи гирд
Балки дар парда рафт бо рухи зард
Норро пардаҳои дил хӯн шуд
Пораи пораи зи дида берун шуд
Себ аз баҳри гармӣу сардӣ
Кард пайдои кабӯдӣу зардӣ
Писта аз шох сарнигӯн афтод
Мағзаш аз устихон бурун афтод
Захми нок ва шикаста шуд бодом
Чашм захмӣ раседаш аз айём
Хӯшаи поки ток аз сари ток
Дона лаъл дарфиканд ба хок
Бар сари шохи барг ва бор намонад
Дар гулистон ба ғайр хор намонад
Дар чунин мавсимӣ ки хусрави гул
Рафту мард аз фироқ ӯ булбул
Хуср аз арсаи мамолики хеш
Сафар охират гирифт ба пеш
Гоҳ дар тоб буду гуҳ дар таб
Дилаш омад ба ҷону ҷон бар лаб
Дар арақ рӯй зардаш аз табу тоб
Ҳамчуи барги хазони миёнаи об
Шуд таниш чу камон бар он рагу пай
Устихонӣу пӯстӣ бар вай
Бас ки аз дарди дил ба ҷон омад
Дилаш аз дард дар фиғон омад
Дард ӯ лаҳзаи лаҳза афзӯн шуд
Оқибати ҳол ӯ дигаргун шуд