Давр ӯ ҳамчуи давр май хуш буд
Ҳамаи олам ба даври ваии хуш буд
Ҳеҷ касро ба дили ғуборӣ на
Ҳеҷ хотир ба зери борӣ на
Дили мазлӯм аз ғами осӯда
Ҷони золими зи ғуссаи фарсӯда
Шаҳна чун зулфи дилбарон дар тоб
Фитна чун бахти ошиқон дар хоб
Маликро заҳмат хароҷ набӯд
Халқро ҳеҷ эҳтиёҷ набӯд
Кас ба савдоу суд кор надошт
Ғайри савдои зулф ёр надошт
Аз сипоҳӣ дар он хуҷастаи замон
Дар кашокаш набӯд ғайри камон
Кас ба давраш набӯд зор ва назор
Магари он кас ки буд ошиқи зор
Гар касе бенаво шудӣ ногоҳ
Чун шудандӣ зи ҳол ӯ огоҳ
Бас ки ҳар кас навохтӣ ӯ ро
Манъами даҳри сохтӣ ӯ ро
Буд шаҳро аноятӣ ки мапурс
Бар раияти риоятӣ ки мапурс
Офарини худоӣ бар падарӣ
Ки азу монад ин чунин писарӣ
Абри раҳмати нисори он садафӣ
Ки буд гавҳараши чунин халафӣ
Он дарахти куҳан ба кор ояд
Ки ниҳолии азу ба бор ояд