Чун зи алтофи шоҳи неки андеш

Хабар омад ба ошиқи дарвеш

Зуд бурҷасту рӯ ба роҳи ниҳод

Қадами андари ҳарими шоҳи ниҳод

Гуфт шояд з рӯй сидқу сафо

Шоҳ бо ман кунад ба ваъдаи вафо

Хотами шаҳ ки муддатии зини пеш

Дар бағал карда буд он дарвеш

Барад бо муҳаррамони шоҳи супурд

Муҳаррамӣ рафт ва назд шоҳаши барад

Шоҳ чу дид хотами худ ро

Офарин кард муҳаррами худ ро

Гуфт беруни рӯи зи роҳи адаб

Хотами орандаро дарун баталаб

Чун қадам зад ба сӯии шоҳи гадо

Ҷон шуд аз қолаби рақиби ҷудо

Шоҳи душмани гудози дӯсти навоз

Дар либоси ниёзу халъати ноз

Сухан оғоз кард хандаи кунон

Ки гуҳи хандаи хуш буд суханон

Аз сари лутфи ҳам забонаши сохт

Вази шикархандаи нӯши ҷонаши сохт

Ҳар нафаси дидаи сӯй ӯ ме дошт

Гӯш бар гуфтугӯӣ ӯ ме дошт

Ошиқи хешро навохт басӣ

Ошиқи лутфи хеши сохт басӣ

Дили ошиқи дарин хаёл афтод

Ки ба кафи доман висол афтод

Лек аз он ҷо ки даври гардуни сет

Ҳар замони ҳолатии дигаргуни сет

Гар дилиро ба васл бинавозад

Бозаш аз доғи ҳиҷри бгдозд

Доими асбоби васл пайдо нест

Агар имрӯз ҳаст фардо нест