Чу хуршеди рухшанда рух барфурӯхт

Дили осмонро ба оташ бсухт

Хирад гуфт : рӯи пеши султони аҳд

Ки болой гардун кашида сети маҳд

Ки ӯ гавҳари баҳри шоҳ вале аст

Ба гоҳи вафоу сахо чун алӣ аст

Буд шоҳзода , буд тоҷи бахш

Ба мардии фузун аз худованди Рахш

Бузург заминасту шоҳи замон

Падар бар падари шоҳу соҳиби қирон

Далеру сарафроз ва бахшанда ӯст

Ба бахшандагии меҳр рухшанда ӯст

Ҳусайни ҳасан рӯй ҳайдари тавон

Ба тадбири пер ва ба давлати ҷавон

Саодат азу мешавад ошкор

Чу бӯе ки ояд зи машки ттор

Чу шерони ҷангии бибандади камар

Ба мардӣ бигирад ҷаҳони сари басар

Чу ҷадони худ подшоҳӣ кунад

зи маи ҳукм то гов ва моҳӣ кунад

Илоҳии турои умр бисёр бод

Худои ҷаҳонати нигаҳдори бод ! ‏