Рӯзи наврӯз ва майу мутрибу маъшӯқу баҳор
Мастӣу ъушрату оғӯш ва бару бӯсу канор
Саману Настарану ёсуману сарви чаман
Сӯсану барги гулу ҷом май ва рӯй нигор
Кому орому нишоту тарабу айшу хушӣ
Сарву шамшоду гулу сунбулу себ ва бау нор
Мастии наргису ранги чаману соя ӣ бед
Ғулғули булбулу буии гулу овози ҳазор
Шевау нозу итоби санами сими андом
Шоҳиду шамъу шаробу бути ширини гуфтор
Боғу саҳроу лаби ҷӯйу қади сарви сеӣ
Анбару авду абиру саману машки ттор
Чашм дар шоҳиду гул дар бару соғар дар даст
Гӯш бар мутриб ва май дар сару лаб бар лаби ёр
Ёр дар маҷлису ма дар хуру ҳайдар бо дӯст
Бода дар соғару ҷон дар бару дил бо дилдор
Хуш буд ин ҳамагар даст диҳад вақти сабӯҳ
Хуш буд ин ҳамагар ҷамъ шавад фасли баҳор