Имрӯз ки дар кӯии хароботи аластам
Аз ҳасрати ёқӯти лабати бодаи пурситам
Саҷҷодау тасбеҳ ба як гӯшаи ниҳодам
Вази куфри сари зулфи ту зуннор бибастам
Тарки сар ва зар кардаму дайну дилу дунё
Дар дайр Муғон рафтам ва фориғ бинишастам
Дурдона тамаъ кардам ва дар дом фитодам
Фориғ шудам аз дона ва аз дом биҷустам
эй мутриби хуши нағма ! бизан парда ӣ ушшоқ
Ваии соқии ваҳдат ! бидиҳ он бода ба дастам
Ҳеҷам хабарӣ нест зи фардои қиёмат
Имрӯз ки чун наргиси сармасти ту мастам
Чун ман шудам аз даст , бигир аз сари ёрӣ
Дасти ман афтода ки дар пои ту пастам
Дар олами ваҳдат ки дар он ҳеҷ нагунҷад
Чун нестам , эй хоҷа ! мапиндор ки ҳастам
Чун ҳайдари каррор ба фармони Муҳамад
Дар каъба ӣ ҷон рафтам ва бутҳо бишикастам