Омад ба дар масҷиди одинаи нигорӣ
Ёқӯти лабӣ , сангдилӣ , сими изорӣ
Шухии шукрии шевагарӣ шуҳра ӣ шаҳрӣ
Сарвии самании гули бадании тозаи баҳорӣ
Шукри суханӣ , нӯши лабӣ , пистаи даҳоне
Шамшоди қадӣ , ба занахӣ , лолаи изорӣ
Бар раҳгузараши ошиқу дил хаста нишастам
То боз кунад бар ман дили хаста гузорӣ
Боз омад ва бигузашт ва ман хаста нишаста
Бар раҳгузараш дар ҳаваси бӯсу канорӣ
Гуфтам назарӣ кун ки зи меҳри ту ниҳодам
Бар пушти дил аз орзӯӣ рӯй ту борӣ
Гуфтор бирав эй ҳайдари бедил ки чаҳ бошад
Гар боркашӣ дар шабу рӯз аз ғами ёрӣ