Бо зулф чу шомаши нафаси бод сабо чист
Бо чини гиреҳ бар гиреҳаши машк хато чист
эй ёри мухолиф шуда ! дар мавсими наврӯз
Ушшоқи ҷгрсўхтаҳро барг ва наво чист
Ҷони ман саргашта ӣ бетоқату ором
Чун зарраи зи хуршеди ту дар банд ҳаво чист
Ҷузи воқиф асрор надонад ба ҷаҳони кас
Каз васли ту умеди ман бесар ва по чист
Гуфтам ки зи меҳри ту вафое ба ғариб аст
Гуфто ҳама ҷаврасту ҷафо , меҳр ва вафо чист
Гуфтам ба дуо май талабами бӯсаи зи лаълат
Гуфто чу зарат нест магӯ ёва , дуо чист
Гуфто чаҳ касе бар дар айвони висолам
Гуфтам шаҳи хубони хато , банда , дағо чист
Хоҳад ки барояд чу камари гирд майонаш
Ҳар кас ки бибинад ки дар он зер қабо чист
Ҳайдар ки дам аз чини сари зулф бутӣ зад
Дар пеши насими суханаши машк хато чист ?