Биё ки дарди маро аз лаби ту дармон аст
Бибин ки чун сари зулфати дилам парешон аст
Гарм ба боди диҳӣ , зи оташи ту хок шавам
Ки хоки пои ту хуштар зи об ҳайвон аст
Агар асири каманд ту мешавам , чаҳ шавад
Асири гулшани рӯят ҳазордастон аст
Ба Юсуф накунам нисбат эй азиз ! ки ту
Ҳазор Юсуфати андар чаҳ занхдон аст
Туранҷи ғабғабу нори буриш агар бинӣ
Магӯ зи себи сипоҳон чаро ки ба з он аст
Тани заъифи ман аз меҳри олами афрӯзаш
Чу моҳи як шабаҳ аз чашми халқ пинҳон аст
Марои зи фундуқ вбодом мекунад гирён
Шакарлабӣ ки даҳонаш чу писта хандон аст
Ғубори хат ки навиштӣ , ба насх ҳоҷат нест
Муҳаққиқаст ки хати ту ба з райҳон аст
Мсўзи ҳайдари бедил чу авд дар маҷлис
Ки ҳамчу ноӣ зи чанги ғами ту нолон аст