Биё ки мардумаки дидаи ғарқа дар об аст

Бибин ки ашки равонам ба ранг унноб аст

Ба ёди ёри гули андом , хори ҳамчуи синон

Ба зери паҳлавии маҷрӯҳи ман чу санҷоб аст

зи ҳоли дида ӣ бе хоби ман чаҳ ғам дорад

Ситамгарӣ ки зи ҷоми ғурур дар хоб аст

зи гиряи мардуми дрёншини дида ӣ ман

Ба ҳасрати гуҳарӣ дар миён ғарқоб аст

Рухи мунаввари дилбар ба зери соя ӣ зулф

Чунон ки дар шаби торики нур маҳтоб аст

зи хат ёр бипарҳез аз онкии хӯн рез аст

Ба зулфи дӯсти мёўиз аз онкӣ дар тоб аст

Ба кунҷи масҷиди ҷомеъ , хушо намоз касе

Ки тоқи абрӯии ёраш ба ҷой миҳроб аст

Сараш ба саркашӣу салтанати Фрўноид

Ҳар он касе ки чу ҳайдари ғулом асҳоб аст