Малики малики малоҳат , шаҳи хубони хато !
Рехтии хӯни дили сӯхта , беҷурму хато
Гуфтам аз малики малик шод шавам , ақлам гуфт
Ба саропарда султон нарасад дасти гадо
Гирди кӯҳат чаҳ аҷабгар чу камар май гирдам
Каз чаҳ бошад тану андоми ту дар банди қабо
Сина аз фурқат маъшуқа кунам чун оташ
Дида аз ҳасрат дурдона кунам чун дарё
Аз қафо гарчи рақиби ту қафо хоҳад зад
Бо вуҷӯди рух хубат нахӯрам ғами зи қафо
Сарфарозӣ кунам ар давр сипеҳр андозад
Домани васли ту дар дасти ман бесару по
Сад ҳазорон дили сўдоздаҳ дар хок уфтад
Агар ошуфта шавад зулфи ту аз боди сабо
Аз ҳавои рух чун оташу оби хати ту
намеравад хоки ман сӯхта бар боди ҳаво
То мухолиф шудӣ эй ҷони ҷаҳон бо ушшоқ
Сӯхтии ҷону дили ҳайдар бебаргу наво