Баҳору бода ва рӯйнигор хуш бошад

Навой булбулу бонги ҳазор хуш бошад

Нигор мӯии миён дар канор , вақти сабӯҳ

Канори сабза , миёни баҳор хуш бошад

Шароб дар сару мутриби ҳарифу соқии маст

Нигор дар бару гул дар канор хуш бошад

Баҳори хурраму ҷоми шаробу нағма ӣ чанг

Чигуна бе рухи он ғмгсор хуш бошад

Ҳар он касе ки чу ман булбул гулӣ гардад

Агар хӯрд зи ғамаши захми хор хуш бошад

зи машк бар варақ рӯй ҳамчуи барги гулаш

Муҳаққиқаст ки хати ғубор хуш бошад

Миёни маҷлиси ағёру гуфтугӯии рақиб

Агар киришма кунад чашми ёр хуш бошад

Ба маҷлисӣ ки кашами ҷоми заҳр чун ҳайдар

зи даст ӯ чу май хушгувор хуш бошад

Ҷафоу ҷаври каш эй нотавон ки бар банда

Ҷафоу ҷаври худовандгор хуш бошад