Хаёли дӯст ки дар хоб мекунад бозӣ
Даруни дида пуроб мекунад бозӣ
Дар офтоб , сари зулфи ънброФшонш
Чу ҳиндӯеи зи сар тоб мекунад бозӣ
зи тӯтии хат ӯ чун наботи бгдозм
Аз онкӣ бо шукр ноб мекунад бозӣ
Ба гирди чашмаи нӯшу лаби шкрборш
Бунафша бо гул сероб мекунад бозӣ
Аз он замон ки парид аз барам кабӯтари дил
Дар он ду турра партоб мекунад бозӣ
Биё ва бар рух ҳамчун зарам тамошо кун
Ки оби дида чу симоб мекунад бозӣ
зи нозукии тан чу қоқмш ба ранҷ ояд
Агарчӣ бар сар санҷоб мекунад бозӣ
Танам ки ғарқаи дарёии ашк хунин шуд
Чу моҳӣаст ки дар об мекунад бозӣ
Даруни хона дилбар намеравад ҳайдар
Чу ҳалқа бар дар азин боб мекунад бозӣ