Аз пардаи субҳи дувуми хуршед тобон ме расад
ё дар бар соҳибдилони он роҳат ҷон ме расад
Дар маҷлиси озодагон дар базми кори афтодагон
Гулбарги хандон май дамад , сарв хиромон ме расад
Ёқӯб бино мешавад , давлат муҳайё ме шавад
Каз малики Мисри дилбарии Юсуф ба канъон ме расад
Бо рӯй чун ҳуру парӣ , бо зулфу холи анбарӣ
Бо меҳру моҳу муштарии султон хубон ме расад
эй ҷони ошиқи масти ту , дилҳо ҳама побаст ту
Фарёди мо аз дасти ту дар гӯш султон ме расад
Созам кунун дармон дил набӯд дигар афғони дил
Комрўз дар бустони дили он мива ҷон ме расад
Ҳаркас ки бо ёрӣ буд ё дар смнзорӣ буд
Дар маҷлиси рӯҳонӣони дардаш ба дармон ме расад
То сабза бар гирди лабаш аз машк пайдо ме шавад
Хизри хати дилҷӯй ӯ дар об ҳайвон ме расад
Ошиқ агар хӯн мехӯрд ҳиҷраш ба поён ме равад
Ҳайдар агар ҷон медиҳад ҷонаш ба ҷонон ме расад