Соқии биёу ҷоми тараб пуршароб кун

Бедор бошу дидаи ғифлат ба хоб кун

эй офтоби кишвари хӯбӣ ! ба вақти субҳ

Хотири мунаввар аз май чун офтоб кун

Гар боядат шароб , биёи хӯн ман бихӯр

Вар боядат кабоб , диламро кабоб кун

Гуфтам бар табиб ки зорами зи даври чарх

Гуфтои давои хеши зи давр шароб кун

Маъшӯқу ҷом май ба дуо мекунам талаб

Ёрб дуои ман ба карам мустаҷоб кун

Ҳайдар ! зи чанги зулф чу чангаш ба ҳар мақом

Аз сӯзи синаи нолаи зи дил чун рубоб кун

Дурдона бо манаст , азин ғусса , муддаӣ ! ‏

Рӯи ҳамчуи баҳри дидаи зи ҳасрати пар об кун