Ман он маъшӯқ мехоҳам ки ёр меҳрбонаст ӯ
Чаҳ ҷои ҷони ширинам ки ширинтар з ҷонаст ӯ
Кунам дар дидагон ҷояш бибозам сари зи савдояш
Бинозам пеши болояш ки чун сарв равонаст ӯ
зи рӯйиш аз қамари пурсами зи лаълаш аз шукри пурсам
зи кӯҳаш аз камари пурсам ки бо вай дар миёнаст ӯ
Агар ин лаҳзаи ҷон ман бихоҳад хону мони ман
Фидои бодаши равони ман ки ором равонаст ӯ
Чу бар пушт саманд ояд чу шамшод баланд ояд
Ба гесу чун каманд ояд ба абрӯ чун камонаст ӯ
Ғуломаш аз дилу ҷонами мудомаш мадҳ ме хонам
Аз онаш бандаи фармонам ки султон ҷаҳонаст ӯ
Ало эй сарви насрин бар , самани буии парии пайкар !
Битарс аз нолаи ҳайдар ки бо оҳ ва фиғонаст ӯ