Набошад дар ҷаҳон ҳамчун ту ёрӣ

Бутӣ , сангини дилӣ , симини изорӣ

Самани бӯе , ба қади сарви баландӣ

Гули андомӣ , ба рухи рашки баҳорӣ

Рақибаши хор ва ӯ гулбарги хандон

Маломат май кашам аз дасти хорӣ

Ба тарки ихтиёр хеш кардам

Ки аз ошиқ наёяд ихтиёрӣ

Муҳаққиқ ҷон барафшонам зи ғайрат

Чу байнам бар гули рӯйиши ғуборӣ

Канораш дар миёни гирам ба мастӣ

Майонашгар бубинам дар канорӣ

Агар ҳайдар сухан гуяд зи лаълаш

Кунам дар гӯши ҷон чун гӯшворӣ