Дӯстон аз дӯстон ёд оваред
Аҳди ёри меҳрбон ёд оваред
Гар зи ёрии як замон осӯда ед
Вақти даврии он замон ёд оваред
Чун бигӯед нуктае ширини лабӣ
Он лаб шукр фишон ёд оваред
Ташнагонро дар миёни бодия
Сабзау оби равон ёд оваред
Тӯтии ширини нафасро дар қафас
Кишвари Ҳиндӯстон ёд оваред
Ҷони алавиро дар ин зиндони хок
Маҷлиси рӯҳонӣон ёд оваред
Одами маҳбӯсро дар обу гул
Аз биҳишти ҷовдон ёд оваред
Ин ҷаҳон чун манзил роҳат набӯд
Айшҳои он ҷаҳон ёд оваред
Дар замон аз бе замонии дами занед
Дар макон аз ломакон ёд оваред
Азҳамам ин назмро чун бишанвед
Байти он соҳиби қирон ёд оваред
Пелро Ҳиндӯстон ёд оваред
Мурғро аз ошён ёд оваред