Видоъи ёру диёрам чу бугзарад ба хаёл
Шавад манозилам аз оби дидаи моломол
зи сӯзи синаи ман сорибон ба фарёд аст
зи бими он ки расад оташаш ба бору ҷамол
Фироқро нафасӣ чун ҳазор сол буд
Бибин ки чун гузарад рӯзу ҳафтау мау сол
Маро ба хизмати ёрони меҳрбони айём
Маҷоли ҳам нафасӣ дода буд дар ҳамаи ҳол
Хаёлашон ки намояд ба мо кунун ҷузи хоб
Паёмашон ки расонади магари насими шимол
Миён оташ сӯзанда мумкинаст ором
Вале дар оташи ҳиҷрони қарору сабри маҳол
Умеди ваъда дидор медиҳад айём
Хушаст ваъда ӯ гар диҳад замонаи маҷол
Дареғ бошад агар ташна ҷон кунад таслим
Миёни бодия дар иштиёқи оби зулол
Ҳамам бо шаби ҳиҷрон ва интизор бисоз
Магар тулӯъ кунад офтоби рӯзи висол