Мо мерӯем дода туро ёдгори дил
Нозук буд ҳикояти дил зинҳор дил
Хуши дори ҳафтае дили моро ки сол ҳо
Парвардааст меҳри туро дар канори дил
Тарсам ки дар ҳисоб наёрад дили маро
эй меҳрбон ҳар сари мӯяти ҳазор дил
Оҳиста гар кунад гузарӣ бар сарати насим
Гардад зи зулф бар сари пояти нисори дил
Зинҷо ки мерӯм дили худро куҷо барам
Моро барои васли ту бояд ба кори дил
Рағбат намекунад ба сафари дили зи кӯии дӯст
Ҳаргизи фироқ ҷон накунад ихтиёри дил
Дар ҳеҷ манзилии дили моро қарор нест
Дар зулф беқарор ту гирад қарори дил
Мо заҳмати тан аз сари кӯй ту ме барем
То аз гароняш нашавад шармсори дил
Рӯзӣ ки зер хок шавад ин тан ҳамам
Бошад ҳануз дар ҳавас рӯй ёри дил