Ман ба аўмиди ту аз роҳи дароз омада ам
Ноз бигзор дамӣ чун ба ниёз омада ам
Раҳравонро ба шаби тори далелӣ бояд
Ман ба буии хуши он зулфи дароз омада ам
Шамъ безаҳмат парвона набошад бинишон
Комшбӣ дар ҳаваси гуфтани роз омада ам
Пеш аз ин ҳар нафасам буд хаёлӣ ва акнӯн
Бо ту як ранг шудам вази ҳамаи боз омада ам
Мурғи дил бар сари зулфат ба фиғон ме гуяд
Чист тадбир ки дар чнгли боз омада ам
Бо дилами силсилаи зулф ту гуяд хуш бош
Манам он банд ки девонаи навоз омада ам
Ошиқони рости намозӣ ва дигар миҳробӣ
Беш абрӯии ту аз баҳри намоз омада ам
Ҷони ҳақиқат ба лаб чун шукрат хоҳам дод
То нагӯйӣ ки ба тазвиру муҷоз омада ам
То фироқи ту ба ғорати набард ҷон ҳамам
Ба шафоати з дар васли ту боз омада ам