Сиррӣ дорам зи савдои ту сармаст
Ки бо чашми ту онро нисбатӣ ҳаст
Ба гӯшам мерасад аз ҳар забонӣ
Ки дидам чашм масташ рафтам аз даст
зи дил бӯе надорад ҳар ки ҷонаш
Бидон пайваста абрӯят напайваст
Напиндорам ки ҷузи пеши даҳонат
Нишонеи зи оби ҳайвон дар ҷаҳон ҳаст
Дил аз хуршеди рухсори ту май сӯхт
Ба зери сояи зулф ту бинишаст
Ҳаме зад сарви лоф аз сарбаландӣ
Чу болой баландат дид бишикаст
Заминро пой бӯаст медиҳад даст
Ҳамам аз завқи он чун хок шуд паст