Мо ба буии зулфи ёри меҳрбон осӯда ем

Гар набошад машку анбар дар ҷаҳон осӯда ем

Чун ба хилват бо хаёлаши ишқ бозӣ ме кунем

Аз гулистон фориғем аз бӯстон осӯда ем

То хаёли қоматаш дар дидаи гирёни мост

Гар наравед сарв бар оби равон осӯда ем

Мо ки осоиш барои ҷон худ ме хостем

Чун ба тарк ҷон бигуфтем ин замон осӯда ем

Дӯши ногуҳи ёр беағёр бар мо бргзшт

Он тасаввур мекунем ва ҳамчунон осӯда ем

Ҳамчуи шоҳон бар канори моҳи рӯйон бар ҳарир

Мо гадоёни дӯши хуш бар остон осӯда ем

Фориғем аз нағмаи булбул ки шабҳо то саҳар

Дар миёни кӯяш аз бонги сегон осӯда ем

Дар миёни ошиқони васф лабаш гӯйанду бас

Каз сифатҳои биҳишти ҷовдон осӯда ем

Як нафас аз зикр ӯ холӣ намебошад ҳамам

Лоҷарами зи анфоси он ширини забон осӯда ем