Ғунчаи хандони фидои бодат чу бигушое даҳан
Об ҳайвонаст ё лаби ҷони ширин ё сухан
Қомати сарв хиромонаст ё болои ту
На ба болоят наравед ҳеҷ сарвӣ дар чаман
Ин чунин сарвӣ агар Юсуф бидидӣ дар қабо
Аз гиребон то ба доман пора кардӣ перҳан
Бо сафои оризат ҳаргиз надорад нисбатӣ
Қатраи шабнами саҳаргаҳ бар сари барги саман
Об рӯй худ нигаҳи дор аз назарҳо зинҳор
Ҳам ба чашми хештани байни об рӯй хештан
Бо хутан майлӣ надорему з машкаш фориғем
Ишқ бо чини сари зулфи ту бояд бохтан
Нест зулфатро сари мӯе ба ҷонами илтифот
эй ҳазорон ҷони сари зулфи туро дар ҳар шикан
Гарчи нури чашми мое шамъ чун хонам ту ро
Ҳам адаб набӯд ки гӯям офтоби анҷуман
Рӯй ту шамъии сет каз анвор қудс афрӯхтанд
Чашмаи хуршед бояд шамъи рӯятро лаган
То хаёли қоматат бар чашма чашм ҳамам
Соя эй афканд фориғ шуд зи сарву норван