Хаёлӣ буду хобии васли ёрон

Шаби маҳтобу фасли навбаҳорон

Миёни боғу ёри сарви боло

Хиромон бар канори ҷӯйборон

Чаман мешуд зи акси ориз ӯ

Мунаввар чун дили парҳезгорон

Сари зулфаши зи боди навбаҳорӣ

Чу аҳволи парешони рӯзгорон

Гузашти он навбаҳори ҳасану бгзошт

Дилу чашмами миёни барфу борон

Худовандо ҳануз умедворам

Бидиҳ коми дили умедворон

Ҳамам аз навбаҳору сабзау гул

намеёбад сафо бе рӯй ёрон

Вҳору вел ваа ҷонони дайми хуш бе

ӯии ёрони маи вел бе , маи вҳорон