эй сабо ончӣ шунидӣ зи лаб ёр бигӯ

Ошиқон муҳаррам розанд на ағёр бигӯ

Ҳам ту дории хабар аз зулфи гиреҳ бар гиреҳ аш

Пеши мо қиссаи дилҳои гирифтор бигӯ

Шарҳи ғоратгарӣ зулф диловез бикун

Васфи хунрезии он наргис айёр бигӯ

Ҳама аз фитна ва ошӯб нахоҳам пурсед

Нуктае зон лаби ширин шкрбор бигӯ

Гӯшро чун ки зи пайғом насибӣ додӣ

Кӣ буд чашми марои ваъда дидор бигӯ

Чун ҳикоят кунӣ аз дӯсти ман аз ғояти шавқ

Бо ту сад бор бигӯям ки дигар бор бигӯ

То ки аз шарми гул аз ғунча наёяд берун

Сифат рӯй длором ба гулзор бигӯ

То дигар сарви ннозд ба хиромидани хеш

Суханӣ бо вай аз он қомат ва рафтор бигӯ

эй сабои банда навозӣ кун ва аҳвол ҳамам

Вақти фурсати ҳама дар бандагӣ ёр бигӯ