Рӯят ба ҳар анҷуман дареғ аст
Сарви ту ба ҳар чаман дареғ аст
Ҷое ки сухан равад зи рӯят
Васфи гулу Настаран дареғ аст
Дар дасти насими субҳгоҳӣ
Он зулфи пар аз шикан дареғ аст
Касро нарасад ҳадиси он лаб
Кони худ ба забони ман дареғ аст
Андоми латифи нозуки дӯст
Дар суҳбати перҳан дареғ аст
Васфи лаби хеши хештани гӯй
Дар ҳар даҳани он сухан дареғ аст
Шаҳрӣ чуҳамам агар бимиранд
Як пурсиш аз он даҳан дареғ аст