Дӯстии доманат осон натавон дод зи даст

Ҷони ширини манӣ ҷон натавон дод зи даст

Нафасигар ншкибми зи лабати маъзӯрам

Ташнаам чашма ҳайвон натавон дод зи даст

Кардам андешаи сари хеш тавон дод ба ту

Он сари зулф парешон натавон дод зи даст

Чун манӣ гар баравад барги гиёҳӣ кам гир

Қомати сарв хиромон натавон дод зи даст

Ҳар чаҳ андӯхтаам гар баравад бокӣ нест

Шарафи суҳбат ҷонон натавон дод зи даст

Дили зиндонии худро чу халосии ҷустам

Гуфт кони чоҳ занхдон натавон дод зи даст

Ба маломат нашавад даврҳамам аз лаби ёр

Хор гӯ бош гулистон натавон дод зи даст