Хиромон меравад он сарви қомат

Ҷаҳониро аз он қомати қиёмат

Муаззин гар бибинад қоматат ро

Фаромӯшаш шавад такбиру қомат

Эмом аз шавқи он шаклу шамоил

Ба қўолон диҳад музди имомат

?герат бошад гузар дар хонақоҳӣ

Намонад шайх бар роҳи саломат

Мурӣдони з арбаъӣн оянд берун

Туро бенанд ва сӯзанд аз надомат

Буд доими шаби қадари он дилӣ ро

Ки созад дар сари зулфати иқомат

Ба аҳди чашми масти дили фиребат

Буд бар ҷони мастурони ғаромат

Бигӯ эй он ки моро май диҳии панд

Туе ё мо сазовори маломат

Ҳамам аз ишқ чун дорад насибӣ

Наҷуед мансаби зуҳду каромат