Доштами рӯзии нигорӣ ёд меояд маро
Ҳар замон аз ёд ӯ фарёд меояд маро
Маҷмаъи асҳобу васли ёру айёми шабоб
Ҳамчуи барқи тезрав бо ёд меояд маро
Ҳар ду чашми ашки резам дар фироқи дӯстон
Нили Мисру диҷла Бағдод меояд маро
Бо хаёли қомат ӯ ишқ бозӣ ме кунам
Чун назар бар сарв ва бар шамшод меояд маро
Он чунон бар рӯзгор бевафо мункир шудам
Каз таваҳҳум дод ҳам бедод меояд маро
Нақшҳои чархро беасл май байнами тамом
Корҳои даҳр бебунёд меояд маро