Ёди боди он роҳати ҷони ёди бод

Ошиқонро аҳди ҷонони ёди бод

Чун тамошоро ба срўстон рӯем

Қади он сарви хиромони ёди бод

Ғунчаҳои гул чу ояд дар назар

Он лаби ширини хандони ёди бод

Мо ба ҷон бо дӯсти паймон баста ем

Ҷовдонаши оби ҳайвони ёди бод

Равшанӣ каз рӯз васлаш ёфтам

Дар шаби торики ҳиҷрони ёди бод

Меҳр бо рӯйиш ба ҷон варзида ам

Меҳрбонро меҳрбонони ёди бод

То забон гуёст мегуяд ҳамам

Булбулонро аз гулистони ёди бод