зи кӯии дӯсти маро ногузир хоҳад буд
Вагар гузари ҳама бар теғ ва тир хоҳад буд
Аз оби дидаи ман дар миёни манзили дӯст
Ба ҳар тараф ки рӯй обгир хоҳад буд
зи бими ғайрати соҳиби дилон дар он манзил
Гумон мабар ки касе ҷой гир хоҳад буд
Мабош мункири фарёди мо ки мисатон ро
Ҳамеша бар дар хубон нафир хоҳад буд
Мудом то ки буд навбаҳору мавсими гул
зи андалеби чамани пар сафир хоҳад буд
Туро ки бар сргли зулф ънброФшон аст
Чаҳ эҳтиёҷ ба машк ва абир хоҳад буд
Ба аҳд рӯй ту моро шаби чаҳордаҳум
Куҷои фароғати бадар мунир хоҳад буд
Дар он замон ки зи ҷони як нафас буд боқӣ
Ҳануз ёди туам дар замир хоҳад буд
Миёни маҷмаъи соҳиби дилон ҳадис ҳамам
Чу ҳаст зикри шумо дил пазир хоҳад буд