Ҳар ки ӯ ошиқи ҷамол буд
Шоҳидаши худ гувоҳи ҳол буд
Гар буд покбози шоҳид низ
Поку равшантар аз зулол буд
Ҳол агар бархилоф ин бошад
Дӯстӣ ҳар дуро вабол буд
Чашми худро ба об шарм бишӯй
То ки шоистаи ҷамол буд
Ҳайф бошад ки дида бе об
Ташнаи машраби висол буд
Ҳемаи зи оташ чу сурх шуд охир
Ҳамаи хокистару згол буд
Зари софии ниҳодро зи оташ
Сурхи рӯе бо камол буд
Ваон ки ӯ мард ҳол шуд чу ҳамам
Фориғ аз банди қилу қол буд
Ҳаст умедам ки баҳрае зи висол
Ёбаду фориғ аз хаёл буд