Ошиқон чун бо хаёли ёр худ пардохтанд

Хилвати дилро зи ғайри дӯст холӣ сохтанд

Ҳар дам аз нури таҷаллии чеҳра ҳо афрӯхтанд

Дар саодат бар сари олам илм афрохтанд

То зи эксири саодати миси худро зар кунанд

Нақди дил дар бутаи савдоӣ ӯ бгдохтнд

Аз ҷамоли дӯсти ногуҳи ид Акбар ёфта

Теғи қурбон бар сари нафаси бҳимии охтнд

Ҳоли ин ошуфтагони дардро аз мо бипурс

Кандарин гӯшаи бзкри дӯст чун пардохтанд

Гуҳ чу авд аз оташи ҳиҷр азизон сӯхтанд

Гуҳ чу не бо шукри лабҳои ҷонон сохтанд

Манзили аднои эшон қоби қавсин омада

Асби ҳимматро чу дар майдон ваҳдат тохтанд

Чун дили пурдарди эшон тахтгоҳ ишқ шуд

Рахти ғайр аз гӯшаи хотир бурун андохтанд

Нақди ҷони андари қморстони ваҳдат эй ҳусайн

Бо ҳариф нарад дарди ошиқии дрбохтнд