Девонаи гаштам бе он париваш
Дорам чу зулфаши ҳолеи мушавваш
Аз ашки дидаи вази сӯзи сина
Хиштаст болин хокаст мФрш
Бе нақши рӯяти рухсори зардам
Аз ашк гулгун гашта мунаққаш
Давр аз ту гўӣӣ эй нури дида
Гоҳе дар обам гоҳе дар оташ
То кӣ гузорам эй мӯниси ҷон
Бе ту ҳаётӣ чун марги нохуш
Дар кӯии меҳнат дил гашта қурбон
Тири ғаматро ҷон гашта таркиш
Ақлу дилу дайни молу тану ҷон
Бе ту нахоҳам пайванди ин шаш
Ошиқ нахоҳад ҷузи дарди дардат
Гар ринд хоҳад саҳбои биғш
Чашми ҳусайн аз нақши хаёлат
Монанди ҷинат боғӣаст дилкаш