То ба савдои ту аз роҳи дароз омада ем
Ноз мекун ки ба сад гӯнаи ниёз омада ем
Нозанинии ту агар ноз кунӣ ме расадат
Мо гадоён ба ниёз аз паии ноз омада ем
Аз ғамати сӯхтау толиби дармон нашуда
Бо ту дар сохта ва аз ҳамаи боз омада ем
Синаи пардохта аз ғайри зи ғайрати онгоҳ
Дар ҳарими ҳурмати муҳаррами роз омада ем
Гар биёбем тавофи ҳарам каъба равост
Каз сари сидқу сафои сӯии ҳиҷоз омада ем
Аз ту шоҳӣу зи мо бандагии даргоҳат
Баҳри ҳоҷат ба дар бандаи навоз омада ем
Тоқи абрӯии ту тоқаст ба хӯбӣ зон рӯ
То дар он тоқ чу зоҳид ба намоз омада ем
Боз кун пардаи зи рух зон ки дар хонаи дил
Карда бар ғайри ту эй дӯсти фароз омада ем
Риштаи шамъи дил аз оташи ишқат чу ҳусайн
Солҳо сӯхта бо сӯзу гудоз омада ем