Мо эй санами ҳавои ту аз сар гирифта ем
Чун шамъи зи оташи дил худ даргирифта ем
Дил баргирифтаем з ҳастӣ хештан
Зон пас ҳавои ҳамчуи ту дилбар гирифта ем
Баҳри ғизои тӯтии табъи сухани гузор
Аз пистаи ту туъмаи шукр гирифта ем
То гӯшвори гӯши дилу ҷон худ кунем
Аз лаъли дилпазири ту гавҳар гирифта ем
Бо оқилон гузошта ойини ақл ро
Бо ошиқони тариқаи дигар гирифта ем
Дарси ҷунун ба мадриса ишқ карда гӯш
Занҷири он ду зулфи мънбр гирифта ем
То чашми ним масти ту хумор ишқ шуд
Мо дам ба дами суроҳеу соғар гирифта ем
Ҳрдм ба буии он лаб мегаван ба мстбаҳ
Ҷоми лаболаб аз май аҳмар гирифта ем
Донистаем мо ки сеӣ сарвро бараст
Чун қади дили фиреби ту дар бар гирифта ем
Мнсўрўори дили з бар худ бурӣда ем
То чун ҳусайни ишқи ту аз сар гирифта ем