Моро чу аҳди хеш фаромӯш карда Эй
Гуё ҳадиси муддаӣон гӯш карда Эй
Бар рӯй Зуҳраи хат ғуломӣ кашида Эй
Чун тори турраи зеб биногваш карда Эй
То қалб ошиқон шаканд лашкари ғамат
Маро зи машки судаи зира пӯш карда Эй
Саҷҷодаҳо з дӯш фиканданд зоҳидӣ
Зон шеваҳои хуш ки шаб дӯш карда Эй
эй тарки ним маст ки моро ба ғамза Эй
Масту харобу вола ва мадҳуш карда Эй
Ҷонами фидои ҷони чунон соқӣ эй ки ӯ
Ин бодаҳо ки аз хами сар нӯш карда Эй
Мо деги дил бар оташи сӯзон ниҳода ем
эй муддаӣ бигӯ ту чаро ҷӯш карда Эй
Аз ноМуродии ман бечораи фориғӣ
Чун ту муроди хеш дар оғӯш карда Эй
Ту тӯтии ҳусайн ва шукр гуфта ҳабиб
Шукр чаҳ ҳосиласт ту хомӯш карда Эй