То чанд зи дидори ту маҳҷӯр тавон зист

Ту ҷони азизии зи ту чун давр тавон зист

Онкас ки назар бар чу ту манзури биндохт

Гуяд ки ҷудо гашта зи манзур тавон зист

Дарёб маро чун рамақӣ ҳаст каз ин беш

Савдоӣ маҳоласт ки маҳҷӯр тавон зист

Бар буии яке пурсишат эй исои ҷонҳо

Умрӣ чу ман ошуфтау ранҷур тавон зист

Бар орзӯии оби зулолии зи висолат

Дар оташи ҳиҷрони ту мҳрўр тавон зист

Дар кӯии ту бар буии ту эй ҳури париваш

Фориғ шуда аз равза ва беҳур тавон зист

Гар чашми ҳусайн аз ғами ту ашки баборад

Ногашта бсўдои ту машҳур тавон зист