Ба як латифа ки дӯшина зулҷалол ангехт

Миёни мо ва ту бингар ки чун висол ангехт

Чаҳ лутф буд ки даври сипеҳр аз сари меҳр

Миёни муштарӣу моҳ иттисол ангехт

Ҳазор тоири ҷонро шикор кард рахт

Чу дому донаи мишкӣни зи хат ва хол ангехт

Ғуломи қудрати онам ки аз камоли карам

Ҷамол рӯй ту дар ғоят ҷалол ангехт

Чу бар саҳифаи дили нақши банди фикрати ман

Мисоли пайкарат эй моҳ бемисол ангехт

Хат аз бунафшаи рух аз лолаи қади зи сарви сеӣ

Даҳан чу шукри ширини лаб аз зулол ангехт

Ҳусайн агар чаҳ хаёлӣ шавад з заъф равост

Чу нақши ҳасани ту дар сафҳа хаёл ангехт