Чун ту рӯ аз ғайр ҳақ бартофтӣ

Нақди асрор таваккул ёфтӣ

Ин бноро ҳарки мехоҳад сабот

Мурда бояд буд ӯро дар ҳаёт

Дар паии тадбири нафсонии Марв

Бехудо ҳарҷо ки майдонӣ Марв

Рӯзу шаби савдои нек ва бад кунӣ

Худпарастӣ чун ҳадис худ кунӣ

Рӯзат имрӯзаст агар дории хабар

Аз ғам фардо махӯр хӯни ҷигар

Гар ту хоҳӣ варна ҳақи рӯзӣ даҳ аст

Ҳақ талаб кун ёди он борӣ ба аст