Ҳони ҳусайнии ин ҳама савдо чарост

Бар сари бозорати ин ғавғо чарост

Башикан ин гавҳар ки миқдораш намонад

Дар ду олами як харидораш намонад

Мурғ зирак бош башикан дом ро

Хоки раҳ бар сар фикан айём ро

Оташ ангезаст ҳар бодӣ ки ҳаст

Бар гузари зини меҳнати ободӣ ки ҳаст

Ҷой ғӯласт ин сарои пари наҳиф

Мардумии хоҳӣ аз ин мардуми мкиб

Ин саг нафаст чу рӯбаҳи прФнст

Хоб харгӯшат диҳад ин равшанаст

Чун так оҳӯи надорӣ дар набард

эй даҳони баста дар ин саҳрои магарад

Бешаи пар шераст аз он парҳез кун

Чун палангони сӯй сҳрохиз кун

эй ғариби хастаи дртобӣ ҳануз

Корвон бигузашт ва дар хобӣ ҳануз

Одамӣ хораст чархи хираи гирд

То нагардӣ ғофил эй донандаи мард

Бо ки кард ин чархи саргардони вафо

Ин тамаъ хомаст ва ин дониши хато

Як қадаҳ бе ранҷи махмурии крост

Ҳар гулиро захми хорӣ дар қафост

Ин намоишҳо биравӣ рӯзгор

Метавон дидан бичишам эътибор

Бо чунин гардандаи ҳолотӣ ки ҳаст

Дидаи брдўз аз хёлотӣ ки ҳаст

Бетасарруф бош дар роҳи яқин

Ҳарки бад бошад ту ӯро неки байн

Дард агар қисм ту ояд нӯш кун

Софаши ингори ин сухан дар гӯш кун