Гуфтам ин кошонаи ӣӣ аз лаъли ноб

Онкӣ мегирад хароҷ аз офтоб

Ин мақоми ин манзили ин кохи баланд

Ҳурён бар даргааши эҳроми банд

эй ту додӣ солконрои ҷустуҷӯӣ

Соҳиб ӯ кист бо ман бози гӯй

Гуфт « ин кошонаи шарафи алнсост

Мурғи бомаш бо малоик ҳам навост

Қулзуми мо инчунин гавҳар назод

Ҳеҷ модар инчунин духтар назод

Хоки Лоҳур аз мазораши осмон

Кас надонад роз ӯро дар ҷаҳон

Он саропои завқу шавқу дарду доғ

Ҳокими панҷобро чашму чароғ

Он фурӯғи дӯдаи абди алсмд

Фақр ӯ нақшӣ ки монад то абад

То зи қуръони пок май сӯзади вуҷӯд

Аз таловати як нафас фориғ набӯд

Дар камари теғи ду рӯ , қуръони бадаст

Тани бадани ҳушу ҳавоси аллоҳи маст

Хилвату шамшеру қуръону намоз

Аихўши он умрӣ ки рафт андари ниёз

Бар лаб ӯ чун дам охир расед

Сӯй модар дид ва муштоқона дид

Гуфт агар аз рози ман дории хабар

Сӯии ин шамшер ва ин қуръони нигар

Ин ду қӯт ҳофиз якдигаранд

Коиноти зиндагиро меҳваранд

Андарин олам ки мерад ҳар нафас

Духтаратро аиндўи муҳаррам буду бас

Вақти рухсат бо ту дорам ин сухан

Теғу қуръонро ҷудо аз ман макун

Дил ба он ҳарфӣ ки мегӯям буна

Қабри ман бегунбаду қандил ба

Муъминонро теғ бо қуръон бас аст

Турбати моро ҳамин сомон бас аст

Умрҳо дар зери ин заррини қбоб

Бар мазораш буд шамшеру китоб

Марқадаши андари ҷаҳон бе сабот

Аҳли ҳақро дод пайғоми ҳаёт

То мусулмон кард бо худ ончӣ кард

Гардиши даврони бисоташ дар навард

Марди ҳақ аз ғайри ҳақ андеша кард

Шери мавлои рӯбаҳиро пеша кард

Аз дилаши тобу таб симоб рафт

Худ бадонеи ончӣ бар панҷоб рафт

Холисаи шамшеру қуръонро бабрад

Андари он кишвар мусулмонӣ бамурд »