Аз навозишҳои султони шаҳид
Субҳу шомам , субҳу шоми рӯзи ид
Нуктаи санҷи ховарони ҳиндии фақир
Миҳмони хусрави кайвони сарир
То зи шаҳр хусравӣ кардам сафар
Шуд сафар бар ман сабктар аз ҳзр
Сина бикшодам ба он бодӣ ки пор
Лола раст аз файз ӯ дар кӯҳсор
Оҳи ғзнии он ҳарими илму фан
Марғзори шери мардони куҳан
Давлати Маҳмӯдро зебои арӯс
Аз ҳинои бандон ӯ донои Тӯс
Хуфта дар хокаши ҳакими ғазнавӣ
Аз навой ӯ дили мардони қавӣ
Он « ҳакими ғайб » , он соҳиби мақом
« тарки ҷӯш » рӯмӣ аз зикраши тамом
Ман зи пайдо ӯ зи пинҳон дар сарвар
Ҳар дуро сармоя аз завқи ҳузур
ӯ ниқоб аз чеҳра имон гушӯд
Фикри ман тақдири муъмини вонамӯд
Ҳар дуро аз ҳикмати қуръони сабақ
ӯ з ҳақ гуяд ман аз мардони ҳақ
Дар фазои марқад ӯ сӯхтам
То матоъи нола ӣӣ андӯхтам
Гуфтам эй бинандаи асрори ҷон
Бар ту равшани ин ҷаҳон ва он ҷаҳон
Асри мо ворФтаҳи об ва гул аст
Аҳли ҳақро мушкили андар мушкил аст
Муъмин аз афрангён дид ончӣ дид
Фитнаҳо андар ҳарам омад падед
То нигоҳ ӯ адаб аз дил нахурд
Чашм ӯро ҷилваи афранги барад
эй « ҳакими ғайб » , эмоми орифон
Пухта аз файзи ту хоми орифон
Ончии андари парда ғайбаст гӯй
Бӯ ки оби рафта боз ояд биҷавӣ